Ҳалокати донишҷӯйи 21-сола бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе рух дод, донишчӯйи соли 2-юми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди рӯ ба рӯи Маркази исмоилия ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-21099 Ҷамшед Содиқови 24-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба Сӯҳроб […]

ASIA-Plus


Бар асари садамаи нақлиёт, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе рух дод, донишчӯйи соли 2-юми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба ҳалокат расид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди рӯ ба рӯи Маркази исмоилия ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-21099 Ҷамшед Содиқови 24-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба Сӯҳроб Рустами 21-сола бармехӯрад, ки дар натиҷа донишҷӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар шаҳри Норак ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Ҳокимшоҳ Исматови 40-сола низ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, кӯдаки 4-соларо бо мошин пахш мекунад, ки дар натиҷа кӯдак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар зарфи 4 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 346 ҳодисаи садамаи нақлиёт (44% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) ба қайд гирифта шуда, бар асари он 10 нафар ҳалок ва 378 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.