Ҷопон ба вазъи обёрии заминҳои ноҳияи Носири Хусрав беҳбудӣ мебахшад

«Лоиҳаи барқарорсозии системаи обёрӣ дар ҷамоати «Истиқлол»-и ноҳияи Носири Хусрав» ба маблағи умумии 105.384 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, муваффақона ба итмом расид. Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи лоиҳаи кишоварзӣ дар ҷамоати «Истиқлол»-и […]

ASIA-Plus


«Лоиҳаи барқарорсозии системаи обёрӣ дар ҷамоати «Истиқлол»-и ноҳияи Носири Хусрав» ба маблағи умумии 105.384 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, муваффақона ба итмом расид.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи лоиҳаи кишоварзӣ дар ҷамоати «Истиқлол»-и ноҳияи Носири Хусрав ҷаноби Такааки Коматсу, котиби саввуми сафорати Ҷопон ва ҷаноби Вали Ашӯров, раиси ноҳияи Носири Хусрав ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки ноҳияи Носири Хусрав дар мавзеъи дурдаст воқеъ буда, соҳаи кишоварзӣ манбаи асосии зиндагии мардуми он мебошад. Аз сабаби норасоии об ва истифодаи ғайрисамараноки замин дар ҷамоати «Истиқлол», деҳқонони маҳаллӣ аз камҳосилии маҳсулоти кишоварзӣ танқисӣ мекашиданд. Норасоии манбаи об ва таъмири нокифояи каналҳои обӣ, боиси обёрии танҳо 4га замин аз 130га заминҳои мавҷуда гашта буд.

Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур, барои ба таври лозима обёрӣ намудани зиёда аз 100 га замин, қубурҳои оҳании дарозиашон 300м ва пойгоҳи обкашӣ бо ду обкаш васл карда шуд. Баъди ба итмом расидани лоиҳаи мазкур намудҳои гуногуни сабзавот кишт карда шуда, 5га боғи меваноки навбунёд обёрӣ карда мешавад. Дар натиҷа, ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин мавзеъ беҳтар мегардад. Инчунин, ҳаҷми даромади аҳолии маҳаллӣ зиёд шуда, боиси таъмини сатҳи зиндагии хубтари аҳолии ноҳияи Носири Хусрав мегардад.         

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Љопон барои бахши аъзами аҳолӣ 282 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $21.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.