Ҷаласаи нахустини ситоди амалиёти «Кӯкнор-2012»

Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди кории “Кӯкнор-2012” ташкил карда шуд. Тавре аз Маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд, 16-уми майи соли равон аввалин ҷаласаи ситоди кории амалиёти “Кӯкнор-2012” таҳти […]

ASIA-Plus


Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди кории “Кӯкнор-2012” ташкил карда шуд.

Тавре аз Маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд, 16-уми майи соли равон аввалин ҷаласаи ситоди кории амалиёти “Кӯкнор-2012” таҳти раёсати Муовини аввали Директори Агентӣ, Вайсиддин Азаматов – сардори ситод доир гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилии баргузории амалиёти “Кӯкнор-2012”, ҳамчунин ҳамкории вазорату идораҳои ширкаткунанда дар татбиқи он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

Нақшаи чорабиниҳои роҳандозии амалиёти “Кӯкнор-2012”, ки чунин самтҳои асосиро дар бар мегирад, тасдиқ шуд:

-ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади коркарди амалҳои якҷоя оид ба бастани роҳҳои ворид гардидани мухаддирот, интиқол, истеҳсол ва фурӯши он;

-дарёфти маълумот оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовари растанинасаб ва муайян намудани объектҳои дарбаргирандаи чорабиниҳо;

-таъмини назорати иҷрои супоришот;

-ошкорсозӣ ва нобудсозии воситаҳои нашъаовари худрӯй;

-ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни аҳолӣ,

Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, фарҳанг ва тандурустӣ, Хадамоти гумрук, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки барои ташкил, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллии ВМКБ, шаҳри Душанбе, ҳамчунин шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ситодҳои корӣ таъсис дода шудаанд.

Амалиёти “Кӯкнор – 2012” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол гузаронида шуда, соли ҷорӣ он аз 20-уми май оғоз ва 30-юми ноябри соли 2012 ба анҷом мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.