Вохӯрии директори АНМН бо сафири Покистон

Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милиса Рустам Назаров бо сафири Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Ҳусайн Сиал баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, бо назардошти ҳаммарз будани Тоҷикистону Покистон бо Афғонистон, дар ҷараёни мулоқот масоили роҳандозии чорабиниҳои муштараки […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милиса Рустам Назаров бо сафири Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Ҳусайн Сиал баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, бо назардошти ҳаммарз будани Тоҷикистону Покистон бо Афғонистон, дар ҷараёни мулоқот масоили роҳандозии чорабиниҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар дар самти пешгирии қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, сафири Покистон дар Тоҷикистон масъалаи баррасии имконоти дар нимаи дуюми соли 2012 дар Покистон баргузор намудани машварат оид ба таҳияи чорабиниҳои муштарак бо кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистонро пешниҳод карда, Тоҷикистонро ба иштирок дар машварат даъват кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.