Намояндаи вижаи СММ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмона Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҳамкорӣ дар ин самт […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмона Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҳамкорӣ дар ин самт баррасӣ шуд.

Хуан Мендес аз натиҷаҳои кори 10-рӯзаи худ дар Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода, аз ҷумла ба Ҳукумати кишвар барои ба ӯ муҳайё намудани ҳамаи шароити зарурӣ изҳори сипос кард. «Ба ман имкони боздид аз тамоми муассисаҳо ва мулоқот бо ҳамаи шахсоне, ки мехостам, дода шуд», – изҳор намуд Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид. «Гузашта аз ин роҳбарони сохторҳои Ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои моро хуб пазируфтанд», – таъкид дошт ӯ.

Сарвари давлат аз қабули Консепсияи рушди дурнамои қонунгузории Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки «ҳадафи асосии ин санад таъмини раванди такмили қонунгузорӣ тибқи усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, ки дар Конститутсияи кишвар муқаррар гардидаанд». Президенти кишвар ҳамчунин таъкид дошт, ки «Тоҷикистон дар марҳилаи тақдирсози таҳким ва такомули пояҳои истиқлолияти худ қарор дорад ва ҷавҳари сиёсати давлатии онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳанд».

Тавре зикр гардид, Тоҷикистон Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро эътироф намуда, мафҳумҳои асосии онро ба Конститутсия ва дигар қонунҳои марбути худ ворид намудааст.

 унонки иттилоъ дода шуд, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон амал мекунад, ки фаъолияти босамар дорад.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «дар ин раванд камбудиву мушкилот низ ҳанӯз мавҷуданд, вале муҳимтар аз ҳама мо ба таври қотеъ ва огоҳона маҳз ҳамин роҳ, яъне таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро пеш гирифтаем ва ба ин роҳ содиқ мемонем».

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ дар ин раванд ба Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Таъсиси фонду додани унвон ва бо як чашм дидани расонаҳо. Ҳамовозиву пешниҳоди рӯзноманигорон ба мактуби Зафар Саидзода ба Эмомалӣ Раҳмон

Вазъияти расонаҳо дар майдони баҳс: “набояд ислоҳоти соҳаро ба мавқуф гузорем, то ба амнияти миллӣ хатар эҷод нашавад”.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.