Маҷлисҳои ҳисоботиву интихоботӣ дар бахшҳои ҲХДТ

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳои шаҳру навоҳии худ маҷлисҳои ҳисоботиву интихоботӣ доир месозад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, маҷлисҳо моҳҳои май-июн доир гардида, бори нахуст дар таҷрибаи ҳизб дар ин маҷлисҳо аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва муовинони раиси ҳизб […]

Аваз Юлдошев


Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳои шаҳру навоҳии худ маҷлисҳои ҳисоботиву интихоботӣ доир месозад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, маҷлисҳо моҳҳои май-июн доир гардида, бори нахуст дар таҷрибаи ҳизб дар ин маҷлисҳо аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва муовинони раиси ҳизб иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Ба гуфтаи У.Солеҳ, дар маҷлисҳо ба масоили кори фаъолони ҳизб бо аҳолӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯхияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Рӯзҳои наздик муовини аввали раиси ҲХДТ Сафар Сафаров дар маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии бахшҳои ҳизб дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт иштирок мекунад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.