Афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон

Дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 150 ҳазор $ ҳудуди 130 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд. Тавре аз Вазорати энергетика ва санорати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин давра ба ҷумҳурӣ аз ҷумла беш аз 66,5 ҳазор тонна бензин, 35,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 16,2 ҳазор тонна сӯзишворӣ барои ҳавопаймо […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 150 ҳазор $ ҳудуди 130 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд.

Тавре аз Вазорати энергетика ва санорати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин давра ба ҷумҳурӣ аз ҷумла беш аз 66,5 ҳазор тонна бензин, 35,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 16,2 ҳазор тонна сӯзишворӣ барои ҳавопаймо ва дигар маводи сӯзишвориву равғанҳои молиданӣ оварда шуд.

Бино ба маълумоти вазорат, қариб 63% (81 ҳазор тонна)-и маҳсулоти нафтии дар ин муддат воридшуда аз Русия оварда шудааст. Аз Туркманистон ҳудуди 30 ҳазор тонна (22,5%), аз Қазоқистон – 6,2 ҳазор тонна (4,8%), аз Белорус – 6,1 ҳазор тонна (4,7%) ва Қирғизистон – 3,8 ҳазор тонна (3%) маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст. Ҳаҷми боқимонда аз Озарбойҷон, Украина ва дигар кишварҳо оварда шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба мушоҳида расида, мутаносибан ҳаҷми воридоти он аз Туркманистон рӯ ба афзоиш аст. Дар давраи зикршуда ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба миқдори қариб 15% коҳиш ёфта, воридоти он аз Туркманистон тақрибан ба андозаи 8% афзудааст.

Дар маҷмӯъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон қариб ба андозаи 24% коҳиш ёфтааст: дар моҳҳои январ-апрели соли 2011 ба ҷумҳурӣ наздик ба 170 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.