Шиносоии сафири Британияи Кабир бо фаъолияти АНМН

Ахири ҳафтаи гузашта сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷерем Орд-Смит ҷиҳати шиносоӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омад ва бо директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров мулоқот намуд. Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, директори Агентӣ меҳмонро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷерем Орд-Смит ҷиҳати шиносоӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омад ва бо директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров мулоқот намуд.

Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, директори Агентӣ меҳмонро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос кард. Ғайр аз ин дар бораи ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот дод.

Сарвари Агентӣ ҳамкориҳо бо Агентии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Британияи Кабир(SOCA)- ро махсус қайд намуд.

Ҷаноби Ҷ.Орд-Смит дар навбати худ зикр кард, ки Ҳукумати Британияи Кабир дар масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ва бахусус, Тоҷикистон таваҷҷӯҳи калон зоҳир мекунад ва аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар муборизаи пурсамарашон дар ин самт ситоиш намуд. Вай ҳамчунин қайд кард, ки Ҳукумати кишвараш аз ин ба баъд низ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаҳои мубориза бо маводи мухаддир, аз ҷумла татбиқи барномаҳои зиддимухаддиротии пешгирикунанда дастгирӣ хоҳад кард.

Дар охири мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои пурсамар миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори умед намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.