Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар шаҳраки Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи госпитал барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии ҷумҳурӣ доир гардид.
Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, то ин дам хизматчиёни ин сохтори низомӣ чунин муассисаи тиббӣ надоштаанд. Президент бо утоқҳои бинои нави госпитал шинос гардид. «Ҳукумати Чин госпиталро бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ таъмин кард», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, госпитал аз 9 шӯъба, лаборатоиря ва дорухона иборат аст. Дар ин муассисаи тиббӣ барои дар як вақт ба 120 нафар хизматчиёни ҳарбӣ кӯмаки тиббӣ расонидан тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Манбаъ афзуд, ки дар госпитал ҳайати шахсии корозмудаву соҳибкасб машғули коранд. Муассисаи тиббии низомӣ дорои 6 мошини ёрии таъҷилӣ ва 1 автобус аст.


