Низомиёни Русия ба макони баргузории тамрин ҳозир шуданд

Ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба макони баргузории тамринҳои низомии муштараки зиддитеррористии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай «Рисолати сулҳовар-2012» – машқгоҳи Чоруқдаррони вилояти Суғд ҳозир шуданд. Ёдрас мекунем, ки ин тамринҳо аз 8 то 14-уми июн доир мегарданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаи низомии марказӣ, чанде қабл иштирокчиёни тамринҳо вазъи омодагии ҳайати шахсӣ […]

Виктория Наумова


Ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба макони баргузории тамринҳои низомии муштараки зиддитеррористии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай «Рисолати сулҳовар-2012» – машқгоҳи Чоруқдаррони вилояти Суғд ҳозир шуданд. Ёдрас мекунем, ки ин тамринҳо аз 8 то 14-уми июн доир мегарданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаи низомии марказӣ, чанде қабл иштирокчиёни тамринҳо вазъи омодагии ҳайати шахсӣ ва техникаро аз назар гузарониданд. Ҳайати фармондеҳии Ҳавзаи низомии марказӣ сарулибоси сарбозону афсарон, таъминоти онҳо бо ғизо, ҳолати аслиҳаву муҳимот ва мошинҳои ҷангиро санҷид.

«Дар ҷараёни сафар ба макони баргузории тамринҳои низомӣ беш аз 350 нафар сарбозону афсарони русиягӣ дар зиёда аз 50 адад техникаи ҳарбӣ ду ағаби пурбарфи кӯҳии «Анзоб» ва «Шаҳристон»-ро паси сар намуданд, – гуфт манбаъ. – Пас аз ҳозир шудан ба нуқтаи таъинот сарбозону афсарон ба иҷрои вазифаҳои омӯзишиву ҷангӣ дар доираи баргузории тамринҳои низомии муштараки зиддитеррористии кишварҳои узви СҲШ «Рисолати сулҳовар-2012» идома медиҳанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.