Дастаи Тоҷикистон соҳиби медали биринҷии Чемпионати Русия

Футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқоти Чемпионати кушоди Русия оид ба футбол миёни дастаҳои хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар шаҳри Сочи мусобиқоти ниҳоии Чемпионати кушоди Русия оид ба футбол таҳти унвони «Оянда ба ту вобаста аст» баргузор гардид. Мусобиқоти мазкур аз ҷониби ширкати «Мегафон» созмон дода шуд. Дастаҳои Тоҷикистон – ғолибони давраи […]

Ҳайдар Шодиев


Футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқоти Чемпионати кушоди Русия оид ба футбол миёни дастаҳои хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар шаҳри Сочи мусобиқоти ниҳоии Чемпионати кушоди Русия оид ба футбол таҳти унвони «Оянда ба ту вобаста аст» баргузор гардид. Мусобиқоти мазкур аз ҷониби ширкати «Мегафон» созмон дода шуд.

Дастаҳои Тоҷикистон – ғолибони давраи минтақавӣ аз ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ (гурӯҳи наврасони соли таваллуди 1997-1998) ва Нуробод (наврасони соли таваллуди 1999-2000) бозии хуб нишон дода, ба даври якҳаштфиналӣ роҳ ёфтанд. Сипас футболбозон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ғолибони ояндаи мусобиқот – дастаи «Каспий» аз Доғистон вохӯрда, ба шикаст мувоҷеҳ гардиданд ва аз иштирок дар даврҳои дигари мусобиқот маҳрум шуданд.

Дастаи футболбозони наврас аз ноҳияи Нуробод пас аз як силсила пирӯзиҳо ба даври нимниҳоии мусобиқот роҳ ёфта, дар бозӣ бо дастаи Абхозистон ба шикаст дучор шуданд. Дар бозӣ барои дарёфти ҷои сеюм бошад, бар дастаи Осетияи Ҷанубӣ дастболо шуда, ба мақоми сеюм ва медалҳои биринҷии мусобиқот сазовор шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.