Дар Суғд ҳудуди 400 ҳазор ниҳоли бангдона нобуд шуд

Дар ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд ҳудуди 400 ҳазор адад ниҳоли бангдонаи худрӯй ошкор ва нобуд карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар қаламрави боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд, боғи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳр, пойгоҳи обкашии №2 дар микрорайони 34-ум, заминҳои бекорхобидаи […]

Мавлуда Рафиева


Дар ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд ҳудуди 400 ҳазор адад ниҳоли бангдонаи худрӯй ошкор ва нобуд карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар қаламрави боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд, боғи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳр, пойгоҳи обкашии №2 дар микрорайони 34-ум, заминҳои бекорхобидаи назди беморхонаи вилоятӣ ва минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр 325 ҳазор адад ниҳолҳои бангдонаи худрӯй дарёфт ва нобуд гардидаанд.

Ҳамчунин дар қаламрави хоҷагии деҳқонии «Пискокат»-и ноҳияи Ашт 10 ҳазор, ҷамоати Зарнисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз 4,1 ҳазор адад ниҳоли бангдона ошкор ва нобуд карда шудааст.

Дар вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор-2012» 20-уми май оғоз гардида, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад.

Дар Раёсат гуфтанд, аз ҷониби кормандони ин мақомот соли равон беш аз 145 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 кило камтар аст. Аз рӯйи ин далелҳо 98 парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Тибқи маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони тамоми воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 215 кило маводи мухаддир (ҳамин давраи соли гузашта – 338 кило) мусодира гардидааст, ки зиёда аз 60 килояшро героин ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.