Омӯзгори яке аз донишгоҳҳои Хуҷанд бо пора ба даст афтод

spot_imgspot_img

Дата:


Омӯзгори яке аз макотиби олии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хабар доданд, аввали ҳафтаи равон зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ маълум шудааст, ки муаллимаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд К.Р. бо мақсади ришваситонӣ ва ваъдаи ба факултаи «Кори бонкӣ» қабул кардани довталаб аз як шаҳрванд дар ҳаҷми 1 ҳазору 650 доллари ИМА пора талаб кардааст. «Омӯзгор зимни гирифтани маблағи пора бо далели шайъӣ дар утоқи кориаш дастгир шуд», – гуфтанд дар раёсат.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел дар мақомоти прокуратураи вилояти Суд парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...