Вазири умури хориҷии Туркия ба Тоҷикистон меояд

Date:


Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 26-27-уми ноябри соли ҷорӣ вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Туркия Алӣ Бобоҷон бо мақсади омодасозии боздиди расмии президенти Туркия Абдулло Гул аз Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф меорад.




Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди вазири умри хориҷии Туркия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар назар аст.



Дар чаҳорчӯбаи сафар А.Бобоҷон ҳамчунин аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, литсейи тоҷикиву туркии ба номи Хоҷа Камол, маркази омӯзиши забони туркии «


TOMER


» ва «


Vefa




Center


» низ боздид хоҳад кард. «Дар рӯзи дуввум сафари вазири умури хориҷии Туркия ба шаҳри Кӯрғонтеппа ба нақша гирифта шудааст», – афзуд манбаъ.

 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...