Шӯрои Маҷлиси намояндагон Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро баррасӣ кард

              Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои Қонун «Дар бораи мавриди амал қарор додани Кодекси […]

Баҳром Маннонов



 


 


         

Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои Қонун «Дар бораи мавриди амал қарор додани Кодекси ҷумҳурӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, «Дар бораи дароз намудани мӯҳлати баррасии қонун «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»-ро муҳокима намуданд.



Ба гуфтаи манбаъ, дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро оид ба лоиҳаҳои ислоҳот ба қонунҳои амалкунандаи кишвар «Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ», «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Дар бораи фонди миллии бойгонӣ ва муассисаҳои бойгонӣ»

 

табодули назар намуданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.