Нимаи дуюми рӯзи сешанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Ҷябао мулоқот намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот минмасоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар ба таври муфассал баррасӣ шуд.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони аввали Тоҷикистону Чин Вэн Ҷябао изҳор дошт, ки Ҳукумати кишвараш барои татбиқи амалии тавофуқоти имрӯза ва қаблии миёни ду кишвар имкону захираҳои заруриро сафарбар менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Чин барои дастгирии пайваста аз рушди босуботи кишвари мо арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Чин, хусусан дар татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми зербиноӣ ба нафъи кулли минтақа хизмат мекунад.
Ҳамчунин рӯзи сешанбе дар шаҳри Пекин президенти Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқотҳои судбахш анҷом дод.
Дар мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Тебиан электрик аппаратус (ТВЭА) Чжан Син масоили бунёд ва таҷдиди як зумра иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Зимни суҳбат бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент (ZTE) масоили ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки чунин ҳамкорӣ барои ҳамқадами рушди техникаю технологияи пешқадами ҷаҳонӣ будан ва амалӣ намудани ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон басо муҳим аст.
Дар вохӯрӣ бо раиси ширкати Ҳенан Ҷинҷиан Силверсид ЛИ ЧАО масоили ҳамкорӣ дар бахши зироаткорӣ баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ҳоло ин ширкат дар ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон дар 600 га замини корами обӣ пахта ва сабзавоту полезӣ кишт намуда, истифодаи технологияҳои пешқадами каммасраф ва серҳосили кишоварзиро ба роҳ мемонад.
Дар мулоқот бо Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Вэн Ган масоили вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои роҳсозӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин ширкат доир ба сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ба мисли Душанбе-Хуҷанд-Чанок бо нақби Шаҳристон, қисмати Душанбе-Данғараи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хорӯғ-Кулма- Қароқурум бо нақби Чормағзак баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода низ бо сифат ва суръати баланд дар муҳлати муайяншуда навсозӣ мешавад.






