Баррасии воситаҳои ҳадафманди рушди маҳалҳо дар Душанбе

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи Рушди СММ мизи мудаввар доир ба муҳокимаи «Дастури методӣ оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттиҳодиятҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи Рушди СММ мизи мудаввар доир ба муҳокимаи «Дастури методӣ оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттиҳодиятҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воломақоми ташкилотҳои кӯмакрасон ва шарикони рушд ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз гузаронидани мизи мудаввар, ин ба инобат гирифтани фикру андешаҳо, пешниҳод ва хулосаҳои тарафҳои манфиатдор ҷиҳати мукаммал намудани Дастури методӣ мебошад. Қабули чунин дастур имконият медиҳад, ки низоми идоракунии сатҳи маҳал беҳтар гардида, раванди банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ мукаммал карда шавад.. Дастури методии муҳокимашаванда барои мутахассисони мақомоти сатҳи маҳаллӣ, ҷиҳати роҳандозӣ намудани банақшагирӣ ва буҷетикунонии раванди рушд дар маҳал, ҳамчун роҳнамои ягона кӯмак мерасонад. Тибқи натиҷагириҳои чорабинии мазкур, дастурамали номбурда такмил ёфта, барои тасдиқ ба Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод хоҳад шуд.

Ҳамзамон, дар доираи мизи мудаввар масъалаи раванди ҷории банақшагирӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва нақшаҳои оянда муҳокима гардиданд. Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БР СММ ҳамкориҳои муштараки худро оид ба дастгирии банақшагирии рушд якчанд сол қабл аз ин (аз соли 2005) шурӯъ намуда буданд, ки он фаъолиятро оид ба муколамаи бахшҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳравандӣ ва бахши хусусӣ, баланд бардоштани иқтидор, арзёбӣ ва татбиқи нақша ва барномаҳои маҳаллии рушдро фаро мегирифт.

Дар ин раванд зиёда аз 32 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва 65 мақомоти худидораи шаҳраку деҳот фаъолона иштирок варзиданд. Мувофиқи натиҷагириҳо ва дар асоси иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандию бахши хусусӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд модели ягонаи банақшагирии рушди маҳаллӣ ҳамчун дастурамал таҳия гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.