Оғози сохтмони бинои Хонаи афсарон дар пойтахт

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сардори Ситоди кулли Артиши мардумии озодихоҳи Чин Чэн Бинде имрӯз дар маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои Хонаи афсарон дар пойтахт иштирок карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, барои сохтмони бинои шашошёнаи Хонаи афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷониби Чин […]

Аваз Юлдошев


Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сардори Ситоди кулли Артиши мардумии озодихоҳи Чин Чэн Бинде имрӯз дар маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои Хонаи афсарон дар пойтахт иштирок карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, барои сохтмони бинои шашошёнаи Хонаи афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷониби Чин 90 млн. юан (тақрибан 14 млн. $) маблағ ҷудо кардааст.

Ба иттилои манбаъ, сохтмони иншоотро ширкати чиноӣ ба ӯҳда гирифта, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 200 нафар бинокорон ҷалб мешаванд, ки 80%-и онҳоро шаҳрвандони Чин ташкил хоҳанд дод. Интизорӣ меравад, ки Хонаи афсарон пас аз якуним сол ба истифода дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, қабл аз оғози маросими мазкур Шералӣ Хайруллоев ва Чэн Бинде гуфтушунид анҷом доданд. Дар гуфтушунид масоили марбут ба рушди ҳамкории низомӣ ва низомӣ-техникии дуҷониба, омодасозии кадрҳои афсарӣ барои Тоҷикистон дар макотиби олии низомии Чин матраҳ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки сардори Ситоди кулли Артиши мардумии озодихоҳи Чин генерал-полковник Чэн Бинде имрӯз бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди намояндаи воломақоми артиши Чин роҳбарони як қатор мақомоти қудратӣ ва намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.