Пайдоши сафҳаи сохтаи раиси Шӯрои уламо дар Facebook

Дар шабакаи иҷтимоии Facebook таҳти унвони Muftitj Saidmukarram сафҳаи сохтаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода пайдо шуд. Айни замон ба истилоҳ «муфтӣ» дар ин саҳифа 100 нафар дӯстон дорад. Котиби матбуотии Маркази исломии Тоҷикистон Атовулло Қосимов тасдиқ кард, ки ин саҳифа ба раиси Шӯрои уламо тааллуқ надорад. Молики ин сафҳа мусулмонони Тоҷикистонро ба шиаву […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар шабакаи иҷтимоии Facebook таҳти унвони Muftitj Saidmukarram сафҳаи сохтаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода пайдо шуд.

Айни замон ба истилоҳ «муфтӣ» дар ин саҳифа 100 нафар дӯстон дорад. Котиби матбуотии Маркази исломии Тоҷикистон Атовулло Қосимов тасдиқ кард, ки ин саҳифа ба раиси Шӯрои уламо тааллуқ надорад.

Молики ин сафҳа мусулмонони Тоҷикистонро ба шиаву суннӣ ҷудо намуда, бо ифтихор изҳор мекунад, ки дар мурофиаи судӣ аз болои рӯҳонии маъруфи дигар – Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ғолиб омадааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли равон бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз болои раиси Шӯрои уламо ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурданд. Даъвогарон муфтиро ба туҳмат ва сохтакории изҳороти Шӯрои уламо, ки моҳи декабри соли гузашта дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ қироат карда шуд, муттаҳам карданд. Дар изҳорот оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба баргузории маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа дар масҷиди оилавиашон гунаҳкор карда шуда буданд.

Бародарон Тӯраҷонзодаҳо гуфтанд, бо ин амал муфтӣ онҳоро ба ҷонибдорӣ ба мазҳаби шиа ва канорагирӣ аз мазҳаби ҳанафӣ гунаҳкор намуд. Банди дуюми даъвои бародарон дар он ифода меёфт, ки изҳороти интишоршудаи Шӯрои уламо гӯё дар Шӯро баррасӣ ва қабул нашудааст.

Ҳамчунин дар саҳифаи «муфтӣ» сабти пӯшидаи видеоии ҷаласаи судии 16-уми феврал гузошта шудааст. Бо такя ба сабти мазкур, метавон гуфт, ки он на аз ҷониби ҷойи нишасти ҷонибдорони муфтӣ наворбардорӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, А.Қосимов мегӯяд, ӯ тасаввуроте надорад, ки ин саҳифа аз куҷо ва аз ҷониби кӣ созмон дода шудааст. «Мо аз ин бехабарем ва фаҳмидан ҳам ғайриимкон аст. Муфтӣ ҳам дӯсту душман дорад», – афзуд Қосимов.

Қобили зикр аст, ки имрӯз рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва чанде аз аҳзоби дигар дар Facebook саҳифаҳои худро боз кардаанд.

Бино ба маълумоти портали Socialbakers.com, айни замон дар Тоҷикистон 32 ҳазору 700 нафар аз шабакаи иҷтимоии Facebook истифода мебаранд, ки 0,44% аз миқдори умумии аҳолӣ ё худ 4,67% аз шумори умумии корбарони Интернет дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.