Ҷаримабандӣ барои таблиғоти динӣ дар мактабҳо

Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маъқул шуморида шуд. Мутобиқи он, минбаъд барои риоя накардани қоидаву тартиботи гирифтани маълумоти олии динӣ дар хориҷи кишвар, шаҳрвандони ҶТ метавонанд ба маблағи аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шаванд. Ғайр аз ин, […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маъқул шуморида шуд.

Мутобиқи он, минбаъд барои риоя накардани қоидаву тартиботи гирифтани маълумоти олии динӣ дар хориҷи кишвар, шаҳрвандони ҶТ метавонанд ба маблағи аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шаванд.

Ғайр аз ин, аз ҷамъияту ташкилотҳои динӣ барои роҳандозии робитаҳои байнулмилалӣ бо созмонҳои динии хориҷӣ бидуни огаҳии мақомоти дахлдори давлатӣ, ба маблағи аз 1,2 то 1,6 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида мешавад.

Мувофиқи тағйироти воридшуда, барои чорабиниҳои таблиғотӣ ва маърифатӣ, ки аз ҷониби ҷамъияту ташкилотҳои динӣ дар қаламрави макотиби таҳсилоти умумӣ ё манзилҳои шаҳрвандон гузаронида мешавад, дар ҳаҷми то 2 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шуд.

Зимни шарҳи тағйироту илова ба вакилон муовини аввали раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Ҷумъахон Ғиёсов изҳор кард, ки онҳо бо назардошти талаботи қонуни соли гузашта қабулшуда «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» таҳия гардидаанд.

Намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ кӯшиш карданд, ки ба тағийроту иловаҳо баъзе тасҳеҳот ворид намоянд.

Ба андешаи раиси ҲНИТ, мафҳуми «ҷаримабандӣ барои баргузории чорабинии маърифатӣ дар мактабҳо» чандон рӯшан нест. «Агар рӯҳонӣ дар чорабиниҳои мактабҳо, ки ба таблиғи арзишҳои умумиинсоние чун эҳтироми омӯзгорон иштирок кунад, пас метавон ӯро ҷарима баст, – гуфт Кабирӣ. – Ҳамчунин ба ман маънои «роҳандозии робитаҳои байнулмилалӣ бо созмонҳои динии хориҷӣ бидуни огоҳии ҳукуматдорон» чандон фаҳмо нест. Ин метавонад маънои онро дошта бошад, ки агар мо СМС-паём ё тавассути почтаи электронӣ мактуб фиристоданӣ шавем, пас барои ин иҷозати ҳукуматдорон зарур аст?».

Вакили дигари ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумон Саидумар Ҳусайнӣ коҳиши ҳаҷми ҷаримаҳо барои ин амалҳоро пешниҳод намуд.

Дигар аксари кулли вакилон бидуни баррасии пешниҳодҳои намояндагони ҲНИТ лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо дастгирӣ карданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.