Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Эрону Покистон мулоқот кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо сарони кишварҳои Эрону Покистон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни мулоқот сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ба сохторҳои марбутаи ду кишвар дастур доданд, ки барои ҳарчи зудтар ва бо сифати […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо сарони кишварҳои Эрону Покистон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни мулоқот сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ба сохторҳои марбутаи ду кишвар дастур доданд, ки барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд такмил додани нақби Истиқлол, ба кор даровардани чархаи дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда – 2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон ва ба поён расондани имконсанҷии техникӣ ва молиявии қисмати тоҷикистонии лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин чораҳо амалӣ намоянд.

Дар мулоқот бо президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ доир ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ барои тавассути сарзамини Афғонистон ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётии Тоҷикистону Покистон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир ва ғайра гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.