Тоҷикистон барои интиқоли барқи Қирғизистон ба Афғонистон шарооит муҳайё месозад

Тоҷикистон ба Қирғизистон барои интиқоли барқ ба Афғонистон тавассути зеристгоҳи «Ойгул-Тош» шароит фароҳам меоварад, – гуфт зимни нишасти хабарӣ аз рӯйи натоиҷи сафар ба Туркманистон, Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ нахуствазири Қирғизистон Омурбек Бабанов. Бино ба маълумоти хабаргузории Tazabek.kg,  ин масъаларо ӯ бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов баррасӣ кардааст. «Ман ба Вазорати энергетикаву саноат дар ин […]

Виктория Наумова


Тоҷикистон ба Қирғизистон барои интиқоли барқ ба Афғонистон тавассути зеристгоҳи «Ойгул-Тош» шароит фароҳам меоварад, – гуфт зимни нишасти хабарӣ аз рӯйи натоиҷи сафар ба Туркманистон, Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ нахуствазири Қирғизистон Омурбек Бабанов.

Бино ба маълумоти хабаргузории Tazabek.kg,  ин масъаларо ӯ бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов баррасӣ кардааст. «Ман ба Вазорати энергетикаву саноат дар ин хусус супориш додам. Ояндаи наздик дар ин бора гуфтушунидҳо оғоз мегарданд. Ин боз як имконияест барои интиқоли барқ ба хориҷи кишвар», — изҳор доштааст ӯ.

Қирғизистон ва Тоҷикистон масъалаи сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВт аз зеристгоҳи «Ойгул-Тош» дар вилояти Ботканд то зеристгоҳи «Конибодом» дар вилояти Суғдро баррасӣ карданд.

Дар шарҳи ин масъала дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳор карданд, ки дар масъалаи содироти барқи Қирғизистон тавассути зеристгоҳи «Ойгул-Тош» ба Афғонистон сухан сари ба истилоҳ ҷойивазкунӣ меравад, зеро ин тарзи содирот пешбинӣ мекунад, ки Қирғизистон ҳаҷми муайяни барқро ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ интиқол медиҳад ва сипас Тоҷикистон дар навбати худ, ин миқдорро ба Афғонистон интиқол хоҳад дод. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди он ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар чанд рӯзи гузашта Эронро ба ҳамла таҳдид мекунад, баръакси ин дар хусуси шартҳои ду ҷониб...

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.