Н.Жустен: ИА муҳити сармоягузорӣ ва муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо кишварҳои иттиҳод дастгирӣ хоҳад кард

Date:


Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари нави намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон Норбер Жустенро ба ҳузур пазируфт.




Пас аз мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон Н.Жустен изҳор дошт, ки онҳо бо Э.Раҳмон масоили ҷорӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро мавриди баррасӣ қарор додаанд. «Президенти Тоҷикистон ин муносиботро хеле муҳим арзёбӣ кард», – гуфт ӯ.



Н.Жустен зикр кард, ки феълан дар Тоҷикистон бисёр лоиҳаву барномаҳои ИА татбиқ мегарданд ва ҷонибҳо дар сатҳи ҳукумативу дигар сатҳҳои ҳамкорӣ ҳамеша дар ҳоли гуфтушунид қарор доранд. «Чанде қабл оид ба масъалаи риояи ҳуқуқи инсон чунин муколама сурат гирфт», – гуфт ӯ.



Дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ роҳбари намояндагии иттиҳод изҳор дошт, ки ИА муҳити сармоягузорӣ ва муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо кишварҳои иттиҳод дастгирӣ хоҳад кард. Ӯ қайд кард, ки ИА доир ба таҳияи стратегия дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва бахши иҷтимоӣ нақши муҳим дорад ва манфиатдор аст, ки дар минтақа ва кишвари ҳамҷавори Афғонистон вазъи орому босубот ҳукмфармо гардад. «Мо атрофи расонидани кӯмак ҷиҳати таҳкими назорати марзҳо низ гуфтушунид кардем ва сафари Эмоалӣ Раҳмонро ба Брюссел интизорем», – гуфт дар анҷом Н.Жустен.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...