Намояндагони Тоҷикистон бори нахуст аз рафти интихоботи парлумонии Туркманистон назорат хоҳанд кард

             Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъдиҳии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев, мутахассиси пешбари комиссияи марказӣ Ёқубҷон Мадумаров ва сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Қозидавлат Қоимдодов ба сифати нозирони расмӣ аз Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии Туркманистон ширкат хоҳанд варзид.             Аз Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки маротибаи […]

Аваз Юлдошев



            



Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъдиҳии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев, мутахассиси пешбари комиссияи марказӣ Ёқубҷон Мадумаров ва сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Қозидавлат Қоимдодов ба сифати нозирони расмӣ аз Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии Туркманистон ширкат хоҳанд варзид.





           

Аз Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки маротибаи нахуст аст, ки дар интихобот ба мақомоти давлатии Туркманистон нозирони мустақил

 

иштирок мекунанд.




           

Дар тӯли 15 соли ҳукмронии президенти нахустини Туркманистон Сафармурод Ниёзов ба интихобот дар Туркманистон нозирони байнулмилалӣ даъват нашуда буданд ва аз интихобот танҳо нозирони миллӣ назорат мекарданд.




           

Қобили зикр аст, ки мониторинги интихоботи парлумонии Туркманистон мувофиқи тарзҳои санҷидашуда бар асоси бетарафии сиёсӣ ва дахолат накардан ба ҷараёни баргузории интихобот амалӣ карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки маъракаи интихобот ба парлумони Туркманистон 14-уми декабри соли ҷорӣ баргузор мешавад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.