Вазорати энергетика: Корҳои идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» тибқи нақшаи тасдиқкардаи ҳукумат ҷараён доранд

Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ҳанӯз супорише аз тарафи ҳукумати мамлакат бобати коҳиш додани суръати корҳои сохтмонии нерӯгоҳи обию барқии «Рогун» ва дигар нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дода нашудааст. Ин матлабро имрӯз сардори Раёсати сохтмони асосии вазорати энергетика ва саноати мамлакат – Хайрулло Сафаров баён кард. Вай зимни шарҳи тавсияи […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ҳанӯз супорише аз тарафи ҳукумати мамлакат бобати коҳиш додани суръати корҳои сохтмонии нерӯгоҳи обию барқии «Рогун» ва дигар нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дода нашудааст. Ин матлабро имрӯз сардори Раёсати сохтмони асосии вазорати энергетика ва саноати мамлакат – Хайрулло Сафаров баён кард.




Вай зимни шарҳи тавсияи чанде қабли раҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди коҳиши суръати корҳои сохтмонии иншооти азими кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳи обию барқии «Роғун» бинобар сабаби бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ гуфт, ки Тоҷикистон таври маълум, дар ҳоли ҳозир сохтмони нерӯгоҳи Роғунро аз ҳисоби маблағҳои худ анҷом медиҳад ва ба ин сабаб, ки иқтисоди кишвари мо бо иқтисоди ҷаҳонӣ робитаи зич надорад, моро зарур нест, ки суръати корҳои сохтмониро коҳиш диҳем.



Ба гуфтаи Сафаров, бунёди нерӯгоҳи «Роғун» тибқи реҷаи қаблан ба нақша гирифташуда сурат мегирад. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ барои сохтмони ин нерӯгоҳ 110 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Соли оянда ҳукумати кишвар ният дорад, барои идома додани корҳои сохтмонии нерӯгоҳи «Роғун» 533 миллион сомонӣ ҷудо кунад.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.