Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кобул миёни Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистону Афғонистон дар бораи ҳамкории мутақобилаи дӯстона созишнома ба имзо расид. Созишномаро раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов ва ҳамтои афғони ӯ Наими Диндор ба имзо расониданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷкистон хабар доданд, мутобиқи созишномаи баимзорасида, ҷонибҳо лоиҳаҳои муштаракро амалӣ сохта, ба ҳамдигар оид ба маълумоту корҳо табодули таҷриба мекунанд ва баҳри дастрас кардани кӯмакҳои башарӣ мусоидат менамоянд.


