Вакилони парлумон бо ифтихорномаҳои АБП ИДМ қадрдонӣ шуданд

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ рӯзи 22-юми июн дар бораи рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар зарфи 5 моҳи соли равон музокироти парлумонӣ доир месозанд. Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ чунин тасмим гирифта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин […]

Аваз Юлдошев


Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ рӯзи 22-юми июн дар бораи рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар зарфи 5 моҳи соли равон музокироти парлумонӣ доир месозанд. Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ чунин тасмим гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012» ва ҳамчунин иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар анҷоми ҷаласаи Шӯро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони ин мақоми олии қонунгузор Махфират Хидирова, Галия Рабиева, Саодат Амиршоева ва Сафаралӣ Гулов Ифтихорномаҳои фахрии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Расулов ва мудири шӯъбаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Толибҷон Раззоқов медали ҷашнии «20 – солагии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» -ро тақдим намуд.

Зикр гардид, ки тамоми масоили аз ҷониби Шӯро баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки рӯзи 13-уми май дар Душанбе баргузор мешавад, ворид карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.