Дархости ҳукумат аз парлумон бобати тасҳеҳот дар буҷети давлатӣ

Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони палатаи поёнии парлумони кишвар тасҳеҳоти навбатӣ ба Қонун «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012»-ро ирсол кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба молия ва буҷет Исмоил Талбаков хабар дод, мутобиқи тасҳеҳоти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, аз андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод […]

Аваз Юлдошев


Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони палатаи поёнии парлумони кишвар тасҳеҳоти навбатӣ ба Қонун «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012»-ро ирсол кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба молия ва буҷет Исмоил Талбаков хабар дод, мутобиқи тасҳеҳоти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, аз андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод кардани Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ зимни ба Тоҷикистон ворид кардани як миқдор аслиҳаву муҳимот, қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёти автомобилӣ ва чархболҳо пешбинӣ мегардад.

Ба гуфтаи вакил, ҳукумати ҷумҳурӣ аз парлумон ҳамчунин дархост кардааст, ки воридоти ду дастгоҳи томографии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ низ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.

«Ғайр аз ин, дархост карда мешавад, ки воридоти 1 млн. телефонҳои хонагӣ ба ҷумҳурӣ, ки дар манзилҳои қишри камбизоати аҳолӣ насб карда мешаванд, низ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, вакил зикр кард, ки ҳоло мушаххасан маълум нест, ки аз ин тасҳеҳот ба буҷети давлатӣ чӣ қадар маблағ ворид намешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.