Маъракаи таблиғотии ҲХДТ миёни муҳоҷирони корӣ

Ахири ҳафтаи сипаришуда муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифов ҷиҳати анҷом додани як силсила вохӯриҳо бо муҳоҷирон ба Федератсияи Русия сафар кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, сафари муовини раиси ҳизб то 16-уми июн идома ёфта, ҳадафи аслии он […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи сипаришуда муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифов ҷиҳати анҷом додани як силсила вохӯриҳо бо муҳоҷирон ба Федератсияи Русия сафар кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, сафари муовини раиси ҳизб то 16-уми июн идома ёфта, ҳадафи аслии он шиносоии наздик бо мушкилоти муҳоҷирони корӣ ва таблиғи афкору мақсадҳои ҳизб миёни онҳост.

«Дар доираи сафар ба Русия А.Латифов аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва вилояти Твер боздид мекунад», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, сафари А.Латифов ба Русия дар ҳамроҳӣ бо сардабири ҳафтавори ҳизбии «Минбари халқ» Бахтимёр Ҳамдамов чорабинии нахустини тарҳрезишудаи ҲХДТ оид ба ҷалби муҳоҷирон ба сафҳои ҳизб мебошад.

«То ахири соли равон ҲХДТ ният дорад, ки барои баргузории корҳои таблиғотӣ миёни муҳоҷирон боз якчанд ҳайатҳоро ба Русия сафарбар намояд», – афзуд У.Солеҳ.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Маъракаи навбатии интихоботи президент дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 доир мегардад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар остонаи интихобот аллакай

маъракаи таблиғотиро

оғоз намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.