Баррасии масъалаи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ

Date:


Рӯзи 12-уми июни соли равон бо ибтикори  барномаи «Ташаббуси шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ»-и Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва ҳамшарикии Иттифоқи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон «Шаффофият барои рушд» дар Маркази тиҷоратии «Вафо»-и ш. Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамоиши таҷрибаи ташаббуси шаффофият ва ҳисоботдиҳии соҳаҳои истихроҷи Тоҷикистон» (ТШСИ) баргузор мегардад.

Тавре дар иттилоияи Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар дода мешавад, дар мизи мудаввар намояндаҳои сохторҳои давлатӣ, саноати истихроҷ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  иштирок мекунанд.  Дар чорабинии мазкур таҷрибаи ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Озорбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон ва имконияти роҳандозии он дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ТШСИ барои беҳтар кардани  шароити сармоягузорӣ таъсири мусбат дошта, обрӯи кишварро чун ҷонибдори шаффофият ва масъули гирифтани даромад ва харҷи самараноки он боло мебарад.  Ба ғайри ин ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари ҷонибдори ТШСИ қонунҳояшро такмил дода, дараҷаи шаффофияти даромадҳоро ба буҷаи давлатӣ ва дурустии харҷи онҳоро баланд мебардорад, воридоди сармоягузории хориҷӣ афзун гардида, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд ва барои табақаҳои муайяни аҳолӣ сарчашмаҳои нави даромад ба вуҷуд меоянд. 

Таҷрибаи шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ)- стандарти ҷаҳонӣ буда, барои шаффофият дар соҳаҳои саноати истихроҷи нафту газ ва кӯҳканӣ мусоидат менамояд. Ташаббуси мазкур аз се ҷузъи асосӣ иборат аст: кӯшиши манфиат гирифтани ҳамаи ҷонибҳо аз истихроҷи захираҳои табиӣ; иттифоқи ҳукумат, ширкатҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ; стандарти интишори маълумоти пардохти ширкатҳо ва ифшои маълумоти ҳукуматӣ оид ба ворид шудани маблағҳо. Ҳамин тавр, ТШСИ  такмили идораро дар кишварҳои аз канданиҳои фоиданок бой тавассути нашри маълумоти пардохти ширкатҳо ва даромади ҳукумат аз истихроҷи нафту газ дастгирӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ҳамроҳшавӣ ба ташаббуси мазкурро моҳи июни соли 2011 шурӯъ кардааст. Моҳи августи соли 2011 21 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ аз иқдоми мазкур дастгирӣ карда, Иттифоқи СҶШ «Шаффофият барои рушд»-ро таъсис доданд. Дар оғози соли 2012 намояндаҳои вазорату идораҳои дахлдор ва Иттифоқи СҶШ «Шаффофият барои рушд» ба Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон сафар карда, бо таҷрибаи ин кишварҳо дар пешбурди ТШСИ шинос шуданд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...