Парвариши зоти нави мурғҳо дар Мӯъминобод

Дар фабрикаи парандапарварии муштараки Тоҷикистону Эрон дар ноҳияи Мӯъминобод ба парвариши зоти нави мурғҳои гӯштӣ оғоз карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов хабар дод, тибқи ҳисобҳои пешакӣ ҳар мурғи ин зот ҳадди аққал 3 кг гӯшт хоҳад дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки вазни чунин маҳсулот дар кишвар каме зиёдтар […]

Турко Дикаев


Дар фабрикаи парандапарварии муштараки Тоҷикистону Эрон дар ноҳияи Мӯъминобод ба парвариши зоти нави мурғҳои гӯштӣ оғоз карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов хабар дод, тибқи ҳисобҳои пешакӣ ҳар мурғи ин зот ҳадди аққал 3 кг гӯшт хоҳад дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки вазни чунин маҳсулот дар кишвар каме зиёдтар аз 1 кило аст. «Озмоиши ғизодиҳӣ нишон дод, ки вазни гӯшти ин навъи мурғҳоро метавон то ба 9 кило расонид», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, бо парвариши ин мурғҳо мушкилоти воридоти мунтазами тухмҳо аз Эрон, ки минбаъд ба нархи маҳсулот таъсир мегузорад, низ ҳал гардида, айни замон масъалаи тайёр кардани ғизои махсус барои мурғҳо дар маҳал мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, чӯҷаҳои аввалин бароварда шуда, вазнашон дар як шабонарӯз аз 84 то 110 грамм зиёд мешавад. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» мутахассисони корхона гуфтанд, на дертар аз 1-уми июли соли равон фурӯши гӯшти мурғ ба аҳолӣ оғоз мегардад ва то ахири сол парандапарварон ният доранд, ки ба бозор то 300 тонна гӯшти мурғ ба фурӯш бароранд. «Айни замон барқарор кардани боз 12 мурғхона идома дорад, ки ба ду баробар зиёд кардани истеҳсоли гӯшт мусоидат хоҳад кард», – гуфтанд мутахассисон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.