Тасарруфи 90 ҳазор $ маблағи кормандони нуқтаи мубодилаи асъор

Рӯзи гузашта шаҳрвандон Файзуллоев С. сокини кӯчаи Рӯдакӣ, корманди нуқтаи мубодилаи асъор, ва Саидов Х. истиқоматкунандаи кӯчаи Амиршоев дар автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», ҳангоми аз манзили истиқоматиашон баромадан, дучори ҳуҷуми роҳзанона гардиданд.  Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ду нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш тахмин меравад, ки бо яроқи пневматикӣ ба онҳо ҳуҷум намуда, сумкаи […]

ASIA-Plus


Рӯзи гузашта шаҳрвандон Файзуллоев С. сокини кӯчаи Рӯдакӣ, корманди нуқтаи мубодилаи асъор, ва Саидов Х. истиқоматкунандаи кӯчаи Амиршоев дар автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», ҳангоми аз манзили истиқоматиашон баромадан, дучори ҳуҷуми роҳзанона гардиданд. 

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ду нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш тахмин меравад, ки бо яроқи пневматикӣ ба онҳо ҳуҷум намуда, сумкаи варзишӣ, ки дар дохилаш 90 000 доллар ИМА буд, тасарруф намуда, дар автомашинаи тамғаи «Тойота-Марк» ба самти маҳаллаи Зарафшон раҳсипор мешаванд. «Онҳо дар роҳ аз яроқи пневматикӣ тир кушода, автомашинаи мазкурро назди бинои 29, воқеъ дар маҳаллаи номбурда мепартоянд ва баъдан бо зӯрӣ автомашинаи тамғаи «Нексия»-и  шаҳрванд А. Мустафоро аз худ мекунанд ва дар он савор шуда, ба самти ноҳияи Ҳисор ғайб мезананд. Ҳамон рӯз соатҳои 16-10 автомашинаи мазкур дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ёфт гардид», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, бо фармони вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич оид ба муайян ва дастгир намудани ашхоси ҷиноятпеша гурӯҳи махсуси тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, рафти тафтиши ин ҷиноят таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.

Шаҳрвандоне, ки дар ошкору дастгир кардани ҷинояткорон кӯмак мекунанд, аз ҷониби роҳбарияти Вазорат қадршиносӣ карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.