Кӯмаки Beeline ба «Маркази хун»-и Хуҷанд баҳри наҷоти хун

Ширкати Beeline ба «Маркази хун»-и шаҳри Хуҷанд барои наҷоти хун кӯмак расонид. Ба туфайли саривақт аз ҷониби ширкат таъмин кардани марказ бо генератори барқии дизелӣ муяссар шуд, ки 50 литр хун ва 100 литр плазма аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошта шаванд. Дар робита ба ин масъала директори филиали ширкати Beeline дар вилояти Суғд Алишер Асоев […]

Мавлуда Рафиева


Ширкати Beeline ба «Маркази хун»-и шаҳри Хуҷанд барои наҷоти хун кӯмак расонид.

Ба туфайли саривақт аз ҷониби ширкат таъмин кардани марказ бо генератори барқии дизелӣ муяссар шуд, ки 50 литр хун ва 100 литр плазма аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошта шаванд.

Дар робита ба ин масъала директори филиали ширкати Beeline дар вилояти Суғд Алишер Асоев изҳор кард, ки кормандони марказ ба онҳо муроҷиат карда, дархост кардаанд, ки бинобар сабаби корҳои таъмир интиқоли барқ ба марказ қатъ шудааст. «Ҳар як сония ғанимат буд ва мо тасмим гирифтем, ки фавран генератори барқии дизелии худро ба онҳо расонем. Мо хушнудем, ки ба ин муассисаи муҳими шаҳрӣ кӯмак расонида, миқдори зиёди хунро наҷот додем, то ки он минбаъд ба солимии даҳҳо беморон мусоидат намояд», – гуфт номбурда.

Муовини директори маъмурияти Муассисаи давлатии «Маркази хун»-и шаҳри Хуҷанд Анзура Раҷабова ба ширкат барои саривақт кӯмак расонидан изҳори миннатдорӣ кард.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.