Кӯмаки башардӯстонаи 31 кишвар ба Тоҷикистон дар 5 моҳ

Дар зарфи 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон аз 31 кишвари хориҷи дуру наздик кӯмаки башардӯстона ворид гардид. Маблағи умумии кӯмак  беш аз 36,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, ҳаҷми кӯмаки ба Тоҷикистон дар ин давра воридгардида беш аз 8,2 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар ин давра […]

ASIA-Plus


Дар зарфи 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон аз 31 кишвари хориҷи дуру наздик кӯмаки башардӯстона ворид гардид. Маблағи умумии кӯмак  беш аз 36,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, ҳаҷми кӯмаки ба Тоҷикистон дар ин давра воридгардида беш аз 8,2 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ беш аз 4,9 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 2,1 млн. $, 374,9 тонна равғани рустанӣ ба маблағи 605 ҳазор $, воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии 17,5 млн. $,  сарулибос ва пойафзол ба маблағи 456 ҳазор $, дигар маҳсулоти ғизойӣ, кӯрпаву кампал, таҷҳизоти барқиву компютерӣ ва ғайра ворид гардиданд.

Миёни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиши кӯмаки башардӯстона ба ИМА – 50,5%, Миср – 5,8%, Нидерланд – 4,6%, Чин – 3.%, Олмон – 3,4%, Фаронса – 3,3%, Ҷумҳурии Корея – 3,1%, Латвия – 2,8%, Эрон – 2,8%, Дания – 1,9% ва миёни кишварҳои узви ИДМ – Русия – 10,2% ва Қазоқистон – 2,9% рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.