Чорабинии идонаи «Агроинвестбонк» барои марзбонони ҷумҳурӣ

Date:


Ба муносибати ҷашни 15-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2931-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ дар ноҳияи Шӯрообод дастурхони идона оростанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, сафар ба назди марзбонон ҳамеша бо хушнудӣ сурат гирифта, кормандони бонк кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба марзбонон дар яке аз қисматҳои душвори марз бо Афғонистон дасти ёрӣ дароз намуда, ҳаёти онҳоро рангинтар созанд.

Ба қавли ӯ, кормандони бонк барои марзбонон натанҳо дастархони идона оростанд, балки фармоишоти онҳоро, ки зимни сафарҳои пешин қабул карда буданд, ба иҷро расониданд. «Мо барои марзбонон ду комплекти техникаи тадорукотӣ ва барои омодагӣ ба таҳсил дар макотиби олӣ як миқдор адабиёти методӣ тақдим кардем», – гуфт С.Қадамов ва афзуд, ки кормандони бонк боз аз марзбонон фармоишоти навбатӣ қабул карда, ояндаи наздик баҳри иҷрои он мекӯшанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...