Мавсими мубориза бо малах то ҳанӯз идома дорад

Date:


Мавсими мубориза бо малах дар Тоҷикистон то ҳанӯз идома дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, аввали ҳамин моҳ майдони паҳншавии малах 136,6 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 74,2 ҳазор гектар камтар аст.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон баҳри мубориза бо ин ҳашароти зараровар техникаи дахлдор ва қувваи кории зарурӣ сафарбар шудааст.

«Ба санаи 30-юми июни соли равон дар майдони беш аз 65,8 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд», – гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон аз ҳама бештар заминҳои қаламрави вилояти Хатлон мавриди ҳамалаи малахҳо қарор гирифта, майдони паҳншавии малахҳо дар ин ҷо  зиёда аз 84 ҳазор гектарро ташкил додааст.

Ҳамчунин паҳншавии малах дар заминҳои вилояти Суғд (беш аз 40 ҳазор гектар), ноҳияҳои тобеи марказ (12,4 ҳазор гектар) ва ВМКБ (200 гектар) ба мушоҳида расидааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...