Гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Украина дар Киев

Имрӯз дар шаҳри Киев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Украина Виктор Янукович мулоқот намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Виктор Янукович барои даъваташ ҷиҳати тамошои якҷояи бозии ниҳоии чемпионати Аврупо оид ба футбол ва баррасии масоили ҳамкории […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар шаҳри Киев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Украина Виктор Янукович мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Виктор Янукович барои даъваташ ҷиҳати тамошои якҷояи бозии ниҳоии чемпионати Аврупо оид ба футбол ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба арзи сипос намуд.

Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки вохӯриву гуфтушунидҳои дар чаҳорчӯби сафари расмии ӯ ба Украина анҷомгирифта барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ғайра имрӯз натиҷаҳои амалӣ дода истодаанд. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи санаи муҳими таърихӣ – 20-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Украина, ки моҳи апрели ҳамин сол таҷлил гардид, махсус қайд кард.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, фарҳанг, ифтитоҳи сафорати Украина дар Душанбе, фаъолияти Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Украина табодули назар намуданд.

Роҳбари давлати тоҷикон аз кушодани хатсайри ҳавоии байни Украина ва Тоҷикистон, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба амал омад, изҳори қаноатмандӣ кард.

Дар бобати бунёди корхонаҳои муштарак, ҷонибҳо чунин бахшҳоро ба монанди сохтмони мошинолоти кишоварзӣ, гидроэнергетика, саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ ва коркардро ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номиданд.

Тарафҳо ҳамчунин зарурати идома додани тавсеаи пойгоҳи қарордоди-ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро, аз ҷумла имзои санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон, алоқа ва иттилоотонӣ, телевизион ва радио таъкид карданд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба Украина дар бозии ниҳоии чемпионати Аврупо оид ба футбол, ки шоми дирӯз баргузор гардид, иштирок намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.