Мавсими мубориза бо малах то ҳанӯз идома дорад

Мавсими мубориза бо малах дар Тоҷикистон то ҳанӯз идома дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, аввали ҳамин моҳ майдони паҳншавии малах 136,6 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 74,2 ҳазор гектар камтар аст. Бино ба иттилои манбаъ, айни замон баҳри мубориза бо ин ҳашароти […]

Пайрав Чоршанбиев


Мавсими мубориза бо малах дар Тоҷикистон то ҳанӯз идома дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, аввали ҳамин моҳ майдони паҳншавии малах 136,6 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 74,2 ҳазор гектар камтар аст.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон баҳри мубориза бо ин ҳашароти зараровар техникаи дахлдор ва қувваи кории зарурӣ сафарбар шудааст.

«Ба санаи 30-юми июни соли равон дар майдони беш аз 65,8 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд», – гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон аз ҳама бештар заминҳои қаламрави вилояти Хатлон мавриди ҳамалаи малахҳо қарор гирифта, майдони паҳншавии малахҳо дар ин ҷо  зиёда аз 84 ҳазор гектарро ташкил додааст.

Ҳамчунин паҳншавии малах дар заминҳои вилояти Суғд (беш аз 40 ҳазор гектар), ноҳияҳои тобеи марказ (12,4 ҳазор гектар) ва ВМКБ (200 гектар) ба мушоҳида расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.