Баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар мулоқоти О.Оқилов ва Э.Митчелл

Чанде қабл мулоқоти нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо вазири рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эндрю Митчелл баргузор шуд. Тавре аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд. О.Оқилов ба ҳукумати Британияи Кабир барои саҳм гузоштан […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл мулоқоти нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо вазири рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эндрю Митчелл баргузор шуд.

Тавре аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

О.Оқилов ба ҳукумати Британияи Кабир барои саҳм гузоштан дар рушди иқтисод ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми тоҷик изҳори миннатдорӣ кард. «Барои густариши доираи ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар тамоми асноди зарурӣ таҳия ва ба имзо расидаанд», – таъкид сохт нахуствазири Тоҷикистон.

Дар ҷараёни мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд минбаъд бештар тавсеа хоҳанд ёфт.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1-уми июл вазири рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эндрю Митчелл бо сафари кории якрӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.

Нимаи аввали рӯз Э.Митчелл ҳамчунин бо роҳбарияти Кумитаи андоз ва бо муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон гуфтушунид анҷом дод. Дар нимаи дуюми рӯз вазири Британияи Кабир аз Вилояти Хатлон (ноҳияи Вахш) боздид ба амал оварда, бо ҷараёни иҷрои лоиҳаҳое, ки Ҳукумати Британияи Кабир маблағгузорӣ мекунад, шинос шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.