Э.Раҳмон ба сатҳи тадорукоти вохӯрии ниҳоии Чемпионати Аврупо баҳои баланд дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи омодагиву тадорукот ва баргузории вохӯрии ниҳоии Чемпионати Аврупо оид ба футбол дар шаҳри Киев баҳои баланд дод. «Украина сатҳи баланди омодагӣ ва тадорукотро зоҳир сохт. Фаъолияти тамоми хадамот, аз ҷумла таъмини амнияту хизматгузорӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд», – гуфт сарвари давлати Тоҷикистон зимни мулоқот бо […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи омодагиву тадорукот ва баргузории вохӯрии ниҳоии Чемпионати Аврупо оид ба футбол дар шаҳри Киев баҳои баланд дод.

«Украина сатҳи баланди омодагӣ ва тадорукотро зоҳир сохт. Фаъолияти тамоми хадамот, аз ҷумла таъмини амнияту хизматгузорӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд», – гуфт сарвари давлати Тоҷикистон зимни мулоқот бо президенти Украина Виктор Янукович.

Дар ҳамин ҳол, Виктор янукович зикр кардааст, ки ҳангоми Чемпионати Аврупо оид ба футбол тамоми меҳмонон мутамин гаштанд, ки Украина як давлати муосири аврупоӣ аст.

«Мухлисоне, ки аз тамоми кишварҳои Аврупо ба Украина омада буданд, хушҳолу бо табъи болида ба ватан бармегарданд. Онҳо худ боварӣ ҳосил карданд, ки Украина давлати муосири аврупоӣ буда, дар ин ҷо мардуми хайрхоҳу меҳмондӯст кору зиндагӣ мекунанд», – изҳор доштааст сарвари давлати Украина ва зикр кардааст, ки ин яке аз натиҷаҳои асосии дар Украина баргузор намудани чунин як чорабинии варзишии бузургмиқёс аст.

Янукович афзудааст, иншооти зербиное, ки дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Аврупо бунёд шудаанд, ба наслҳои ояндаи шаҳрвандони кишвар хизмат хоҳанд кард. «Ин сармоягузорӣ ба оянда аст», – таъкид сохтааст ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.