Даъвати раиси пойтахт аз имомхатибон бобати ба инсоф хондани соҳибкорон

Аввали ҳафтаи равон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, институтҳои намояндагӣ ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеи шаҳр, ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид. Тавре аз Мақомоти шаҳрдории пойтахт […]

ASIA-Plus


Аввали ҳафтаи равон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, институтҳои намояндагӣ ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеи шаҳр, ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Тавре аз Мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар ҷаласа масъалаи зимни адои маросимҳои диниву мазҳабӣ халалдор накардани оромиву сукунати барандагони адёни дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар робита ба ин аз ҷониби шаҳрдорӣ муқаррар гардид, ки аз тарафи имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ истифодаи ғайримақсадноки баландгӯякҳо ҳангоми баргузории намозҳои фарзӣ ҷилавгирӣ карда шуда,  корбарии дурусту мақсаднок аз дастгоҳҳои тақвияти овоз роҳандозӣ карда шавад. Ҳамзамон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур гашт, ки масаъалаи насбу истифодаи камераҳои мушоҳидавӣ тибқи муқаррароти қарори марбутаи шаҳрдорӣ дар тамоми субъектҳои хоҷагидории шаҳр, дар масҷидҳо баҳри таъмин амнияти намозгузорон мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шавад.

Зимни баррасии масоили ғановати бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар арафаи моҳи шарифи Рамазон масъалаи  истифодаи потенсиали имомхатибон дар роҳи пешниҳоди хизматрасонӣ ва ба инсоф даъват намудани соҳибкорони дар ин соҳа машғулиятдошта ба инобат гирифта шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри истифодабарии нерӯи имомхатибон ҳамчун институти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ муқаррар сохт, ки бобати ғанигардонии бозори истеъмолӣ дар радифи Комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ зарфиятҳои ҳар кадом имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ бо вобаста кардан ба бозорҳои алоҳидаи коммуналию хусусии дар марзи шаҳр фаъолиятдошта истифода карда шаванд.

 Дар ин росто роҳбарони бозорҳои коммуналӣ муваззаф ва  ба директорони бозорҳои хусусӣ тавсия шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои бозорҳо фаровонии маҳсулотро баҳри дастгирии иҷтимоии сокинон дар моҳи шарифи Рамазон таъмин сохта, фурӯши маҳсулотро дар шаҳраку маҳаллаҳо ба роҳ монанд. Дар ин зимн таъкид сохт, ки шаҳрдорӣ омода аст, ки деҳқонон ва соҳибкорони ба интиқоли маҳсулоти ниёзи аввалия машғулбударо аз пардохтҳо вобаста ба ҷамъоварии чинишҳои яквақта дар бозорҳои коммуналии шаҳр  озод сохта, расмияти онҳоро тавассути ба тасвибрасонии Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе таъмин намояд.

Дар ҷаласа ҳамчунин ба масъалаи риояи меъёрҳои санитарӣ дар шаҳр ва барориши саривақтии  партовҳои маишӣ  аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳҳалаҳо таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.