Гурӯҳи аввалини варзишгарони тоҷик, ки ба иштирок дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 роҳхат гирифта буданд, субҳи имрӯз ба пойтахти Британияи Кабир рафтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ширинҷон Мамадсафоев хабар дод, ба гурӯҳи аввали олимпичиёни тоҷик бокчиён Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Мавзуна Чориева ва Ҷаҳон Қурбонов шомил мебошанд.
Ба гуфтаи Мамадсафоев, варзишгарони тоҷик гурӯҳ-гурӯҳ ба олимпиада сафарбар мешаванд. Санаи 25-уми июл ҳайати мукаммали дастаи олимпичиёни тоҷик дар Лондон гирдиҳам меоянд.
То кунун шумори варзишгарони тоҷик, ки ба роҳхати олимпӣ соҳиб шуданд, 15 нафарро ташкил медиҳад. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод) ва Владислава Овчаренко (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр) мебошанд.
Бозиҳои олимпӣ дар Лондон 27-уми июл оғоз гардида, то 12-уми августи соли равон идома меёбанд. Ҳукумати Британияи Кабир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Лондон-2012 даъват кард. Ахири моҳи апрели соли равон тавассути сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҷереми Орд Смит ин даъватнома ба Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд.
Аввали соли равон сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи таъини мукофотпулӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии XXX-ум аз Тоҷикистон фармон ба имзо расонид. Мутобиқи он ба варзишгари тоҷике, ки медали тило ба даст овард, 300 ҳазор сомонӣ, ба дорандаи медали нуқра – 250 ҳазор сомонӣ ва ба дорандаи медали биринҷии Олимпиада 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин карда шуд.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба варзишгарони тоҷике, ки ба гирифтани медали тилои Олимпиада сазовор мегарданд, хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим карда, онҳоро ба унвони шаҳрванди фахрии пойтахт сарфароз мегардонад. Дорандагони медалҳои нуқра ва биринҷии Олимпиада аз Тоҷикистонро мақомоти шаҳрдории пойтахт мутаносибан бо 45 ҳазор ва 35 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз хоҳад кард.
Ғайр аз ин, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълом дошт, ки ба ҳамаи варзишгарони Тоҷикистон, ки соҳиби ҷойизаҳои Олимиада мегарданд, дар пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа хоҳад намуд.
ҶСК «Ориёнбонк» дар бораи ба ҷойизадорони Бозиҳои Олимпиадаи Лондон аз Тоҷикистон туҳфа кардани автомобилҳои тамғаи «Лексус» изҳори омодагӣ кард.



