Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб дар чаҳорчӯби татбиқи барномаи «Ҳукумати электронӣ» чорабиниҳои тадорукотии ба шабакаи Интернет пайвастани роҳбарони маъмурият ва хадамоти асосии ҳукуматро ба анҷом расонид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ Сӯҳробшо Фаррухшоев хабар дод, дар марҳилаи аввали барнома 10 кабинет ба шабакаи Интернет васл шуда, ширкати «Тоҷиктелеком» ҳамчун ширкати фароҳамгари Интернет интихоб шудааст.
Ба қавли ӯ, хароҷоти таъмини алоқаи электронӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ҷуброн мегардад, вале ба гумон аст, ки ин хароҷот аз маблағҳое, ки қаблан мақомоти шаҳрдорӣ барои «коғазбозӣ» масраф менамуд, зиёдтар хоҳад буд.



