Боздиди ҳудуди 155 ҳазор нафар хориҷиён аз Тоҷикистон

Date:


Соли равон ҳудуди 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд.

Зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов изҳор кард, ки аз ин миқдор 60 ҳазор нафар тибқи раводидҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд. М.Неъматов зикр кард, ки то оғози буҳрони ҷаҳонии молӣ ҳамасола то 450 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид мекарданд. «Аммо бо оғози буҳрон шумори сайёҳон ба таври назаррас коҳиш ёфта, соли гузашта 250 ҳазор нафар ба Тоҷикистон омаданд», – гуфт ӯ.

Раиси кумита таъкид кард, ки ҳар шаҳрванди хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, дар кишвар ҳадди ақал 500 доллари ИМА хароҷот мекунад ва агар инро ба 200 ҳазор нафар ҳисоб кунем, иқтисоди ҷумҳурӣ ҳамасола то 100 млн. доллари ИМА маблағ ба даст оварда, он ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд. «Тайи солҳои ахир ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушди зерсохтори минтақаҳои сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозад», – изҳор дошт вай.

Ба қавли Неъматов, айни замон дар Тоҷикистон 75 адад ширкати сайёҳии ватанӣ фаъолият доранд. «Албатта, имконоти кадриву молии ин ширкатҳо ҳанӯз кофӣ нест, – гуфт ӯ. – Феълан онҳо ба хизматгузории ҳамагӣ 5-10%-и сайёҳоне, ки ба кишвар меоянд, имкон доранд. Мо хоҳони онем, ки дар Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳие арзи вуҷуд кунанд, ки дорои нақлиёти зарурии заминӣ ва ҳавоии худ бошанд».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...