Боздиди ҳудуди 155 ҳазор нафар хориҷиён аз Тоҷикистон

Соли равон ҳудуди 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд. Зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов изҳор кард, ки аз ин миқдор 60 ҳазор нафар тибқи раводидҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд. М.Неъматов зикр кард, ки то оғози буҳрони ҷаҳонии молӣ ҳамасола то 450 ҳазор нафар […]

Пайрав Чоршанбиев


Соли равон ҳудуди 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд.

Зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов изҳор кард, ки аз ин миқдор 60 ҳазор нафар тибқи раводидҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд. М.Неъматов зикр кард, ки то оғози буҳрони ҷаҳонии молӣ ҳамасола то 450 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид мекарданд. «Аммо бо оғози буҳрон шумори сайёҳон ба таври назаррас коҳиш ёфта, соли гузашта 250 ҳазор нафар ба Тоҷикистон омаданд», – гуфт ӯ.

Раиси кумита таъкид кард, ки ҳар шаҳрванди хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, дар кишвар ҳадди ақал 500 доллари ИМА хароҷот мекунад ва агар инро ба 200 ҳазор нафар ҳисоб кунем, иқтисоди ҷумҳурӣ ҳамасола то 100 млн. доллари ИМА маблағ ба даст оварда, он ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд. «Тайи солҳои ахир ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушди зерсохтори минтақаҳои сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозад», – изҳор дошт вай.

Ба қавли Неъматов, айни замон дар Тоҷикистон 75 адад ширкати сайёҳии ватанӣ фаъолият доранд. «Албатта, имконоти кадриву молии ин ширкатҳо ҳанӯз кофӣ нест, – гуфт ӯ. – Феълан онҳо ба хизматгузории ҳамагӣ 5-10%-и сайёҳоне, ки ба кишвар меоянд, имкон доранд. Мо хоҳони онем, ки дар Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳие арзи вуҷуд кунанд, ки дорои нақлиёти зарурии заминӣ ва ҳавоии худ бошанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.