Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:  «Мӯҳтарам Владимир Владимирович,  Хабари ҳузнангези обхезии фоҷиавиро дар Кубан, ки боиси талафоти ҳазорҳо ҷони одамӣ ва хароботи бузург шуд, бо андӯҳи гарон дарёфтам.  Мо дар Тоҷикистон ба андӯҳи халқи дӯсту бародари Русия бо сабаби […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

 «Мӯҳтарам Владимир Владимирович,

 Хабари ҳузнангези обхезии фоҷиавиро дар Кубан, ки боиси талафоти ҳазорҳо ҷони одамӣ ва хароботи бузург шуд, бо андӯҳи гарон дарёфтам.

 Мо дар Тоҷикистон ба андӯҳи халқи дӯсту бародари Русия бо сабаби ҳалокати одамон ва оқибати харобиовари офати табиӣ шарик ҳастем.

 Мӯҳтарам Владимир Владимирович, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии самимии тамоми мардуми Тоҷикистон ва шахсан худамро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон ва орзуи зудтар шифоёбиро ба зарардидагон бирасонед». Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари боронгариҳои пайдарпайи чанд рӯзи ахир дар минтақаи Краснодари Русия обхезии фоҷеабор рух дода, шумори қурбониён ба 172 нафар расидааст. Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, ки шумори умумии осебдидагон наздики 20 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.