Хуҷанд: Мурофиаи судии занони гумонбар ба хариду фурӯши одамон

Дар шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ нисбат ба ду нафар занон, ки ба даст доштан дар ҷалби одамон барои истифода бо мақсадҳои шаҳвонӣ гумонбар дониста мешаванд, идома дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров хабар дод, занони гумонбар сокини 33-солаи ноҳияи Зафаробод ва сокини 30-солаи шаҳри Чкаловск мебошанд. […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ нисбат ба ду нафар занон, ки ба даст доштан дар ҷалби одамон барои истифода бо мақсадҳои шаҳвонӣ гумонбар дониста мешаванд, идома дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров хабар дод, занони гумонбар сокини 33-солаи ноҳияи Зафаробод ва сокини 30-солаи шаҳри Чкаловск мебошанд.

Судя зикр кард, ки яке аз занон таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта, 28-уми феврали соли равон ҳангоми парвоз ба Шарҷа дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шудааст. Тибқи маълумоти расида ба кормандони макомот, ин зан ба сафарбар намудани духтарон ба хориҷи кишвар барои истифода бо мақсадҳои шаҳвонӣ машғул будааст.

Ӯ мутобиқи моддаҳои 247, қ. 2 (Қаллобӣ), 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва 132, қ. 3 (Ҷалби одамон барои истисмор бо мақсади аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани чунин шахсон)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад.

«Дар ҷараёни тафтишот ӯ иқрор шуд, ки бо сокини 30-солаи шаҳри Чкаловск ҳамроҳ кор мекардаанд ва ӯ барои ҳар як духтари пешниҳодшуда ба ҳаммаслакаш 500 доллари ИМА маблағ медодааст», – зикр кард судя.

Ба зани дуюм мутобиқи моддаи 132, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбнома пешниҳод шудааст. Айни замон ба ӯ тарк кардани маҳалли зист манъ шудааст, зеро се нафар фарзандони ноболиғро ӯ яккаву танҳо тарбия мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.