Экспедитсияи геологӣ ба кӯли Сарез раҳсипор шуд

Ба туфайли дастгирии ширкати русиягии «Gazprom international» ба ташкили экспедитсияи геологӣ бо сафар ба кӯли Сарез имкон пайдо шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Саридораи геологияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҳайати экспедитсия мутахассисони дастгоҳи марказӣ, экспедитсияи ҷанубии гидрогеологӣ ва гидрофизикӣ ва ҷустуҷӯйии ин идора, геологҳои «Gazprom international», мутахассиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи […]

ASIA-Plus


Ба туфайли дастгирии ширкати русиягии «Gazprom international» ба ташкили экспедитсияи геологӣ бо сафар ба кӯли Сарез имкон пайдо шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Саридораи геологияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҳайати экспедитсия мутахассисони дастгоҳи марказӣ, экспедитсияи ҷанубии гидрогеологӣ ва гидрофизикӣ ва ҷустуҷӯйии ин идора, геологҳои «Gazprom international», мутахассиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ва сардори шуъбаи экологияи Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат шомил шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, шиносоӣ бо вазъи гидрогеологӣ, муҳандисӣ ва геологӣ дар кӯл, коркард ва таҳлили ҳисоботҳои мавҷудаи таҳқиқоти кӯл аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии экспедитсия аст. «Дар заминаи натиҷаҳои бадастомада оид ба иштироки бештар фаъоли Саридораи геологияи ҷумҳурӣ дар кори таҳқиқоти геологии кӯли Сарез қарор қабул карда мешавад», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 18 феврали соли 1911 дар яке аз деҳаҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон заминларзае ба қудрати 9 дараҷаи рихтер ба вукуъ пайваст, ки ба асари он маҷрои дарёчаи куҳӣ баста шуда, дар маҳалли ҳодиса деҳае бо номи Сарез комилан аз байн рафт ва аз ҳамон лаҳза кӯле бо номи “Сарез” шаклгирии худро оғоз кард.

Дар айни ҳол, яъне бо гузашти беш аз 100 сол аз ташкили обанбори табиӣ, тӯли кӯл ба бештар аз 70 километр ва чуқурии он ба 500 метр расидааст. Ҳаҷми оби ҷамъшуда 17 млрд. метри кубӣ баровард шудааст. Ин кӯл дар баландии 3 хазор метр аз сатҳи оби баҳр ҷойгир шудааст.

«Кӯли Сарез иншооти нодирест, ки мунтазам назорати геологӣ, омӯзиш ва таҳлили вазъи минтақаи кӯлро тақозо мекунад ва дар робита ба ин, ташкили чунин экпедитсия аз ҷониби Саридораи геология амри мантиқӣ аст», – гуфтанд дар Саридораи геологияи ҷумҳурӣ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.