Дар шаҳри Турсунзода дуздии амволи ғайр афзудааст

Дар нимсолаи аввали соли 2012 дар шаҳри Турсунзода 11 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шуда, шумораи фавтидагон 7 нафарро ташкил додааст. Дар ин бора прокурори ш.Турсунзода Баракатулло Камолов зимни ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба фаъолияти прокуратураи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2012 иттилоъ дод. Номбурда қайд кард, ки дар давоми 6 […]

Иброҳим Абдулҳаев


Дар нимсолаи аввали соли 2012 дар шаҳри Турсунзода 11 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шуда, шумораи фавтидагон 7 нафарро ташкил додааст. Дар ин бора прокурори ш.Турсунзода Баракатулло Камолов зимни ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба фаъолияти прокуратураи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2012 иттилоъ дод.

Номбурда қайд кард, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр 182 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 17 ҷиноят зиёд мебошад. Ҳамзамон ҷиноятҳои вазнини содиргардида 18 ададро ташкил додааст, дар ҳоле ки тӯли шашмоҳаи авали соли 2011 чунин ҷиноятҳо 68 адад буданд. Қобили зикр аст, ки дар ин давра ягон ҷинояти куштор, роҳзанӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ба амал наомадааст.

«Аммо содиршавии ҷинояти дуздии амволи ғайр бошад, зиёд гардида, шумораи онҳо 93 ададро ташкил додааст. Кушодашавии ҷиноятҳо дар сатҳи паст қарор дошта, 72,7%-ро ташкил медиҳад», – афзуд Камолов.

Ба гуфтаи ӯ, тайи марҳилаи ҳисоботӣ 8 ҷинояти вобаста ба замин ва 3 ҷинояти характери коррупсионӣ дошта ошкор гардид. Дар натиҷаи 4 санҷише, ки дар самти истифодаи мақсаднок ва оқилонаи заминҳои корами обӣ ва лалмӣ гузаронида шуд, 57 ҳолати хариду фурӯш ва ғайриқонунӣ тақсим кардани замин муайян гардида, аз рӯйи ин далелҳо 5 парвардаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва 2 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Прокурори шаҳри Турсунзода таъкид кард, ки баҳри ошкор ва бартарафсозии ҳолатҳои ғайриқонунӣ дастгир кардан ва ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ овардан, истифодаи тарзу усули ғайриқонунии тафтишу таҳқиқ, зӯроварӣ ва азобу шиканҷа нисбат ба шаҳрвандон, мунтазам дар мақомотҳои дахлдор санҷишҳои ногаҳонӣ гузаронида мешаванд.

Сипас дар ҷаласа сардори Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандони Прокуратураи генералии ҶТ Ҷунайд Ниёзов сухан ронда, аз намояндагони тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ин ҷамъомад ҳузур доштанд, тақозо кард, ба масъалаи роҳ надодан ба шиканҷа нисбат ба гумонбарон ва дастгиршудагон аҳамияти махсус диҳанд.

Бояд гуфт, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 20-уми апрели соли 2012 дар паёмаш ба Маҷлиси Олии ҶТ аз ҷой доштани чунин норасоӣ изҳори нигаронӣ карда буд: «Мутаассифона, ҳолатҳои содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла, ширкати онҳо дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, даст задан ба кирдорҳои коррупсионӣ, ҷой доштани усулҳои нораво ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.