Соли 2014 Тоҷикистон ба низоми нави имтиҳони қабул мегузарад

Зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов изҳор кард, ки соли 2014 Тоҷикистон пурра ба низоми мутамаркази имтиҳони қабул мегузарад. Ба гуфтаи ӯ, қариб ҳамаи собиқ кишварҳои шӯравӣ ба ин низом гузашта, давлатҳои аврупоӣ муддати ним аср аст, ки бо он фаъолият доранд. «Кормандони Маркази миллии санҷишӣ (тестӣ)-и вазорат таҷрибаи ин кишварҳоро мавриди таҳлилу […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов изҳор кард, ки соли 2014 Тоҷикистон пурра ба низоми мутамаркази имтиҳони қабул мегузарад.

Ба гуфтаи ӯ, қариб ҳамаи собиқ кишварҳои шӯравӣ ба ин низом гузашта, давлатҳои аврупоӣ муддати ним аср аст, ки бо он фаъолият доранд.

«Кормандони Маркази миллии санҷишӣ (тестӣ)-и вазорат таҷрибаи ин кишварҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд, – гуфт ӯ. – Таҳлилҳо самаранокии низоми мазкурро возеҳ сохта, ба сифати таълим дар ин кишварҳо таъсири мусбат гузоштаанд».

Вазири маориф зикр кард, ки айни замон бо дастгирии мададрасонони байнулмилалӣ низоми мазкур мавриди таҳия қарор дорад. «Ин механизми хеле бузург буда, мо мураттабан ба ин чорабинӣ омодагӣ мегирем, – гуфт ӯ. – Мутахассисони мо аллакай заминаи маълумотҳоро омода карданд. Соли 2014 дар тамоми макотиби олии кишвар қабули мутамаркази имтиҳонҳо амалӣ мегардад».

Н.Саидов бар ин назар аст, ки ҷорисозии низоми нав, ки дар он тамоми маълумот бо штрих-кодҳо махфӣ нигоҳ дошта мешавад, ба нест кардани ришваситонӣ ҳангоми қабул ба макотиби олӣ мусоидат менамояд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.